Ҳамоиши Сафорати Покистон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи якдилии Кашмир

Аз соли 1990 инҷониб 5-уми феврал аз ҷониби покистониҳо ва кашмириҳо ҳамчун Рӯзи ҳамбастагии Кашмир ба хотири гиромидошт ба шаҳидони Кашмир ва нишон додани ҳамраъйӣ бо муборизони озодӣ, ки ҳуқуқи қонунии худмуайянкунии худро талаб мекунанд ва он тибқи қатъномаҳои СММ эътироф шудааст, ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба ин имрӯз дар Сафорати Покистон дар Тоҷикистон “Рӯзи ҳамбастагии Кашмир” баргузор шуд

Чорабинӣ бо қироати “Қуръон”-и карим оғоз шуда, пас аз он сурудҳои миллии Покистон, Ҷамму ва Кашмир садо доданд. Дар ин бора сомонаи сафоратхона хабар интишор намудааст.

Дар чорабинӣ сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар таъкид кард, ки баҳси Ҷамму ва Кашмир яке аз қадимтарин масъалаҳои рӯзномаи Шӯрои Амнияти СММ аст. Вай афзуд, ки сарфи назар аз бартарӣ ва зулми азим, мардуми Кашмир дар муқобили ҳама гунаамалҳои ваҳшиёна устувор аст.

Иштирокдорон таъкид карданд, ки иқдомоти ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Ҳинд аз 5 августи соли 2019 нақзи дағалонаи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ, Конвенсияи 4-уми Женева ва қатъномаи дахлдори Шӯрои Амнияти СММ мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар охири чорабинӣ филмӣ ҳуҷатӣ доир ба аҳволи мардуми минтақаи Ҷаму ва Кашмир намоиш дода шуд.

Баҳруллои МАҲМАДШАРИФ,

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE