Прокурори генералии Қазоқистон иттилоъ дод, ки нооромиҳои соли гузаштаро дар кишвар тамоми соли 2021 омода карда будаанд
Ошӯбҳои оммавиеро, ки моҳи январи соли гузашта дар Қазоқистон рух доданд, тамоми тӯли соли 2021 тайёр карда будаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 5 январ Прокурори генералии ин кишвар Берик Асилов (ДАР АКС) зимни баромади худ дар назди вакилони палатаи поёнии парлумон изҳор дошт.
«Тамоми соли 2021 ба таври пинҳонӣ иҷрочиён барои татбиқи чораҳои радикалӣ омода мешудаанд. Дар қатори иҷрочиён гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ низ буданд. Онҳо одамонро ҷамъ ва бо силоҳ таъмин намуда, ратсия ва нақлиёт харидорӣ мекарданд. Тафтиш муайян кард, ки баъзе қувваҳои ҷудогона ин кори зарарнокро назорат кардаанд», — гуфт Асилов.
Аввали моҳи январ дар Қазоқистон ошӯбҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки иштирокчиёни он ба полис ва низомиён ҳамла карданд. Президенти кишвар Қосим-Ҷомарт Токаев онро кӯшиши табаддулот эълон карда, ба СААД барои кумак муроҷиат намуд. То 7 январ вазъ ба эътидол омада, аз 19 январ дар саросари кишвар вазъи фавқулода бекор карда шуд. Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 238 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 4,5 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.