Рустами Эмомалӣ ва Виктор Денисенко мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенкоро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат В.А. Денисенкоро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш самимона табрик гуфтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, ки аз мулоқоти мунтазами сатҳи олии роҳбарони ду давлат сарчашма  мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларусро дар сиғаи дуҷониба, инчунин дар доираи созмонҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

     

Дар баробари ин, зарурати муҳокимаи вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, инчунин дар доираи меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ тақвият додани натиҷаҳои назарраси бадастовардаи шохаҳои ҳокимияти иҷроияи ду кишвар таъкид карда шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE