Душанберо шаҳри сабз мекунем
Бо ибтикори роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Сари Осиёи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт беш аз 450 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз шинонида шуд. Ниҳолҳо зери назорати мутахассисон бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шуда, нигоҳубин ва сари вақт обёрӣ намудани онҳо ба зиммаи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ вогузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин мавзеъ беш аз 2 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида, дар таъмини ободонию шукуфоии пойтахти Ватани азизамон- шаҳри Душанбе ҳисса гузорад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вобаста ба сарсабзу шукуфон гардонидани пойтахт дастгирӣ намуда, дар беҳдошти муҳити зист ва тақвияти корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ саҳм гузошта истодааст.