Душанбе: Барои беҳтаргардонии вазъи обтаъминкунӣ ва корезӣ татбиқи лоиҳа оғоз гардид

Барои беҳтаргардонидани вазъи бахши обтаъминкунӣ ва корезӣ дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе – ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳа дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА ҳамчун маблағи  грантӣ оғоз гардид. Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҷамшед Табарзода иброз дошт, ки ҳамчунин дар соли сипаришуда чорабиниҳои дигар ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонии он дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида амалӣ карда шуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин давра бо мақсади беҳдошти вазъи обтаминкунӣ дар минтақаҳои ноҳияи Шоҳмансур ва қисмати ҷанубу шарқии пойтахт Лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» дар асоси созишномаи грантӣ дар ҳаҷми қариб 46 миллион доллари ИМА байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёи Рушд ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ – васлгарии хати корезӣ идома доранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE