Душанбе: Нахустин IT-парк бунёд мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе IT-парк бунёд кунад, ки ин нахустин технопарки Тоҷикистон, қаламрави имконият ва ҳамгироии илму маориф ва технологияҳои олӣ хоҳад буд. Дар ин борааз Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» иттилоъ доданд.
IT-парк парки технологиест, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият мекунад. Ҷойест, ки одамони фаъол ва боистеъдод аз ҳисоби мавҷудияти инфрасохтори муосири техникӣ, дастгирии молиявӣ ва илмӣ ғояҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил медиҳанд.
Ҳадафи асосӣ мусоидат ба рушди босуръати соҳаи IT дар кишвар – ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди таҳия ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатпазир дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, пешбурди онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳавасмандгардонии таҳияҳои инноватсионӣ, таъмини сокинон бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла лабораторияҳо, ба онҳо расонидани хадамоти машваратии молиявӣ, маркетингӣ, ҳуқуқӣ, инчунин хизматрасонӣ дар доираи барномаҳои суръатбахшӣ, мусоидат ба муттаҳидсозии фаъолияти ташкилоти илмӣ, тадқиқотӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ оид ба таъмини муттасилии силсилаи истеҳсолот, тайёр намудани аҳолӣ ва ҷавонон бо мақсади ташаккул додани синфи муосири мутахассисони баландихтисос, гузаронидани маҳорат- дарсҳо, тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос, инчунин конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва семинарҳо бо ҷалби ширкатҳо ва мутахассисони пешрафта мебошад.
Дар амалияи ҷаҳонӣ технопарк шакли муосири ҳамгироии илм ва истеҳсолот мебошад, ки бо мақсади суръат бахшидан ба таҳия ва татбиқи навтарин дастовардҳои илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шудааст.
Ин як навъи махсуси минтақаи озоди иқтисодӣ мебошад, ки дар ҳудуди он рушди истеҳсолоти илмталаб босуръат инкишоф ёфта, кадрҳои нав, минтақаҳои технологӣ-инноватсионӣ ташкил карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» таъсис дода шуд.