Боздиди Рустами Эмомалӣ аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии Озарбойҷон ва Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев

Нимаи дуюми рӯзи 4 март дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид ба амал оварданд. Дар ин бора Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Агентии мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев соли 2012 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он сарфа намудани хароҷот ва вақти шаҳрвандон ҳангоми ба амал баровардани хизматрасониҳои давлатӣ, бартарафсозии монеаҳои идоравӣ, баланд бардоштани шаффофият, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, эътимод ба мақомоти давлатӣ ва истифодаи васеи хизматрасониҳои электронӣ ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар марказҳои агентии мазкур шаҳрвандон метавонанд новобаста аз маҳали бақайдгирӣ, аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо ва 30 ширкату корхонаҳои хусусӣ беш аз 320 намуди хизматрасонии электрониро тибқи принсипи «равзанаи ягона» истифода баранд. Давомнокии миёнаи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон 5-10 дақиқаро ташкил медиҳад.

Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку ҳамчунин ба Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев ташриф оварданд.

Дар ҳудуди Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев маркази конгресс, осорхонаи ба номи Ҳайдар Алиев ва толорҳои гуногуни намоишӣ арзи вуҷуд дошта, фаъолияти онҳо ба омӯзиши бунёдии фалсафаи эъмори давлатдорӣ ва идеологияи озарбойҷонии нахустин Президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, рушди ҳамаҷонибаи таърих, забон, арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва маънавии ин диёр нигаронида шудаанд.

Маркази мазкур соли 2012 аз рӯи лоиҳаи меъмор Заҳа Ҳадид бунёд гардида, яке аз рамзҳои Бокуи муосир маҳсуб мешавад. Соли 2014 он ҳамчун беҳтарин бино дар ҷаҳон эътироф гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE