Ҳифзи марзи Ватан вазифаи мост
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Ба ҳамин тартиб, ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ, бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ ва стратегӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.
Танҳо дар давоми соли 2020 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ зиёда аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ба ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, автомашинаҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд.
Батадриҷ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ аз паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешаванд.
Давоми 28-соли фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳи ҶТбо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар ҳамчун кадрҳои соҳавӣ тарбият ёфтаанд, ки имрӯз дар сафи Артиши миллӣ ба ҳайси нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷӯйён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва ғайра сарбаландона фаъолият доранд.
Саҳми Президенти ҶТ дар баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандони ҳарбӣ
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ҳифзи иҷтимоии ахолӣ, бахусус кормандони низоми, мавқеи назаррас дорад. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зисти кормандони саҳаи низоми аҳамияти махсус медиҳанд.Мусаллам аст, ки собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои хизмати ҳарбӣ соҳиби таҷрибаи бою мукаммали хизматӣ ва зиндагӣ мегарданд. Аз ин рӯ, баъди ба нафақа баромадани низ яке аз вазифаҳои асоситарини онҳо ба ҷавонони низомӣ омӯхтани ҳамин таҷрибаи нотакрор, тарбияи ҳарбӣ-ватандустӣ ва мустаҳкам намудани интизоми ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ҳамин зарурат моҳи марти соли 2006, Шӯрои собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда собиқадоронро муттаҳид кардааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои Шӯрои собиқадорони Вазорати мудофиа дар тули 15 соли гузошта дар мувофиқа бо Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, пайваста бо хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо чорабиниҳои гуногунро бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва таърихӣ мегузаронанд. Бинобар ин, ҳайати собиқадорон аз таҷрибаи хизмати ҳарбии худ ва таҷрибаи зиндагӣ, ҳайати шахсии афсарону прапоршикон ва сарбозону афсаронро ба дӯст доштани Ватан, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, пос доштани анъанаҳои беҳтарини таърихи халқамон, дӯстиву рафоқат, Ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва расидан ба қадри ин замини биҳиштосои аҷдодӣ ҳидоят менамоянд.
Раванди бунёдкориҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ
Дар самти рушду нумӯи Артиши миллӣ давоми 28 сол маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд, ҷавобгӯйи меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ карда шудааст.
Дар давоми 28 сол дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат наздики 600 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома доранд.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
“Садои ДУШАНБЕ”