Агентии обуҳавошиносӣ: Идомаи боришот то охири ҳафта

Агентии  обуҳавошиносии  мамлакат хабар медиҳад, ки ҳавои номусоид ва бориш дар  ҷумҳурӣ то охири ҳафта идома меёбад. Дар робита ба бориши дарпешистода ва баланд шудани заминаҳои ҳарорат дар кӯҳҳо обшавии шадиди барф ба амал меояд, ки метавонад боиси эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо, инчунин вайрон шудани хатти сохили дарёю кӯлҳо гардад. Дар натиҷаи бориши дарпешистода хатари фаромадани тарма, фаромадани сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, дар чунин рӯзҳо ҳушёр ва дучанд эҳтиёт бошанд.

Ёдовар мешавем, ки 6 март, тахминан соати 15:20 ба вақти маҳаллӣ дар натиҷаи бориши зиёд аз талу теппаҳои назди деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сел фаромад. Ду сокини ин деҳа, соли таваллудашон 2004, ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи доманакӯҳ бар асари омадани сел кӯшиши наҷот додани чорворо кардаанд, вале дар натиҷа сел боиси ҳалокати онҳо  ва талаф ёфтани 10 сар чорвои майда гардидааст.

Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади фавтидагон дар масофаи 4 км дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо шудааст. Ба ғайр аз ин бориши зиёд боиси болоравии сатҳи оби рӯдхонаи Қаратоғ ва канали Муллошодӣ шудааст, ки дар навбати худ ин хатари зери об мондани биноҳои истиқоматиро бештар намуд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи фавқулодаи шаҳр кор мекунад ва барои бартарафсозии онҳо техникаи махсус ҷалб шудааст.

Хотиррасон  мешавем, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии Кумита бо телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE