Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзуи “Вокуниш ба маводи иғвоангез дар ВАО” ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзуи “Вокуниш ба маводи иғвоангез дар ВАО” ҳамоиш доир гардид. Дар кори он намояндагон аз сохторҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, ташкилоти байналмилалию ҷамъиятӣ ва “ВАО “- и ватанию хориҷӣ ширкат намуданд.
Нишастро Фаррух Шарифзода – муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз намуда, изҳор дошт, ки пас аз қабули лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ВАО матолибе ба нашр расиданд, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд ва қонуни мазкурро ба омма нодуруст шарҳу тавзеҳ додаанд.
Сипас, дар ҳамоиш Олимзода Фатҳулло муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳимияти ин қонуни миллӣ дар ҳаёти сиëсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат изҳори назар намуда, қабули конуни мазкуро дар таҳрири навро дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангии миллату давлати Тоҷикистон барҷаста маънидод намуд.
Пас аз маърузаҳои масъулину ходимони дини мамлакат миëни ҳозирин пиромони бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” мубодилаи андеша сурат гирифт.
Дар пасманзари таҳаввулоти ҷаҳони муосир, бархӯрди фарҳангҳо, зуҳури терроризму бегонапарастӣ ҳозирин қабули қонуни танзим дар таҳрири навро ба манфиати арзишҳои давлатию миллӣ ва саривақтӣ шумориданд.
Тоҷиддин Сатторзода,
Садои Душанбе