Сарвари давлат бинои Маркази таълимӣ-фароғатии кӯдакон-«Зарринтоҷ»-ро ба истифода доданд

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён Маркази таълимӣ — фароғатии кӯдаконро бо номи «Зарринтоҷ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази таълимии навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 200 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир аст, 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Маркази таълимӣ аз тарафи соҳибкор Сафар Ҳалимов дар мудати 3 сол бо риояи талаботи сохтмонӣ ва шакли зебову замонавӣ бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин маркази таълимӣ, Пешвои муаззами миллат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст ҷиҳати саҳм гузоштан дар бунёди чунин иншооти зебову замонавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ошёнаи якум ҷойи бозиҳои шавқовари кӯдакона бо ҳама шароит ва дар ошёнаи дуюм бошад 4 синфхонаи таълимӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русиву англисӣ ва як синфхонаи рассомӣ мавҷуд мебошад.

Баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар Маркази таълимӣ — фароғатии кӯдакон бо номи «Зарринтоҷ» ҳамзамон дар саҳни ҳавлии он 4 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавии халқи тоҷик ва ҳайвоноти гуногун сохта шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE