Рӯзҳои кинои Беларус доир мегарданд

Аз 30 март то 2 апрел Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон доир гардида, 30 март, соати 14:00, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои намояндагони  ВАО баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст, иттилоъ доданд аз МД «Тоҷикфилм».

Дар ин рӯзҳо барои алоқамандони кино дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ филмҳои истеҳсоли Беларус намоиш дода мешаванд.

Феҳристи филмҳо:

1. 30 март, соати 10:00, дар кинотеатри «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Файзобод филми «Замони ҷанг одам будан»;

2. 31 март, соати 10:00, дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе филми «Ахтарони осмони ҳафтум»,  соати 19:00, дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе филми «Ахтарони осмони ҳафтум»;

3. 31 март, соати 10:00, дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич»;

4. 31 март, соати 10:00, дар театри вилоятии шаҳри Хоруғ филми «Қисмати тахрибкор» ва  соати 10:00, дар кинотеатри Лоҳутии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филми «Қисмати тахрибкор»  манзур мегарданд.

5. 1 апрел, соати 15:00, дар Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филми «Арвоҳи Киндервил», соати 11:00, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови шаҳри Душанбе филми «Арвоҳи Киндервил», соати 15:00, дар кинотеатри «Зебуннисо»-и шаҳри Душанбе филми «Қисмати тахрибкор», соати 14:00, дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE