Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои «Лоиҳаи намоишии Долони сабз» Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои «Лоиҳаи намоишии Долони сабз» ба маблағи 86,6 миллион доллари амрикоӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Созишномаи грантиро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Бонки Осиёии рушд хонум Родора Консепсион ба имзо расониданд.
Маблағи Созишномаи грантӣ пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии рушд амалӣ карда мешавад.
Мақсади «Лоиҳаи намоишии Долони сабз»- ин сохтмон ва навсозии 49 километр роҳи мошингарди Данғара – Гулистон ва васеънамоии он ба 4 хат бо дарбаргирии элементи «Роҳи сабз», сохтмони 48,8 километри роҳи велосипедронӣ, сохтмони 2 нуқтаи барқдиҳии автомобилҳои электронӣ ва ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои соҳибкорзанони минтақаи зерҳадафи лоиҳа мебошад.
АКС:Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон