Душанбе: Баррасии лоиҳаи нав дар соҳаи тандурустӣ

4 апрел Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Мирия Шоблум мулоқот намуд, ки зимни он таҳияи лоиҳаи нав дар соҳаи тандурустӣ «Миллати солим», дастгирии амалисозии лоиҳаҳои амалкунанда, аз ҷумла «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» ва «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси КОВИД-19», таҳияи нақшаи инвеститсионӣ ҷиҳати дастгирии амалисозии «Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, Бонки ҷаҳонӣ шарики баэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии бонки мазкур дар мамлакат якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.

Зикр шуд, ки  айни замон нақшаи инвеститсионӣ барои дастгирии самтҳои афзалиятнок, ки ба таъмини маблағгузории устувори соҳаи тандурустӣ, таъмини хизматрасонии босифат ва самаранок дар сатҳи КАТС, таҳкими системаҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва захираҳои кадрии системаи тандурустӣ равона шудааст, таҳия гардида истодааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE