ВМКБ: Ташаббуси тозагии соҳил то охири моҳи апрел идома меёбад

Бо ибтикори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ташаббуси «Соҳили тоза» роҳандозӣ шуд,  ки дар он зиёда аз 100 нафар  кормандони касбу кори гуногун ширкат намуданд.

Ташаббуси мазкур ду рӯз идома ёфта, минбаъд низ рӯзҳои шанбе ва якшанбе кормандони муассисаҳои давлатию ҷамъиятии вилоят бо навбат дар он ширкат менамоянд.

Ба андешаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев, “бо гарм шудани ҳаво сатҳи оби дарё ва рӯдхонаҳои кӯҳӣ баланд гардида, ҳамаи ифлосӣ ва партовҳои маишӣ тавассути оби дарё ба минтақаҳои поёнии кишвар ва берун аз он мераванд. Мутобиқи омори расмӣ, қад-қади дарёи Ому беш аз чор миллион сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ сукунат доранд ва агар як қисмашон тавассути лӯлаҳои обкаш ин обро истеъмол кунанд, қисми дигар, бахусус кӯдакону наврасон ҳангоми оббозӣ ба василаи оби дарё ташнагии худро мешикананд. Воқеан ин об аз саргаҳи пиряхҳои баланду беғубор маншаъ гирифта, хеле  поку зулол ва ширин аст, ба шарте ки агар аз тарафи сокинони болооб олуда нагардад”.

Сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят Девлох Мирзоев мегӯяд, ки “ин ташаббус чандин сол аст, ки дар  фаслҳои тирамоҳу баҳор гузаронида мешавад. Дар баробари бевосита тоза намудани соҳили дарё ҳамчунин дар ин рӯзҳо як  гурӯҳи махсуси таблиғотӣ бо ширкати коршиносони масоили муҳити зист бо сокиноне, ки дар атрофи дарё ва рӯдхонаҳои кӯҳӣ иқомат доранд, мулоқот анҷом медиҳад. Ҳангоми мулоқот аз онҳо даъват мешавад, ки ба мардум фаҳмонанд, то соҳили дарёро ҳамеша тоза нигоҳ дошта, бо партовҳои маишӣ олуда накунанд. Агарчӣ дар панҷ соли охир партовҳои маишӣ дар соҳили рӯдхонаҳо камтар ба назар мерасанд, аммо ҳанӯз ҳам баъзе сокинони маҳаллӣ ва сайёҳону меҳмонон дар соҳили дарё дастурхон ороста, пас аз дамгирӣ бастаҳои полиэтиленӣ, шишаҳои пластикӣ, пасмондаҳои меваҷоту сабзавотро ба оби дарё мепартоянд. Ягона хоҳиш аз истироҳаткунандагон ин аст, ки пас аз дамгирӣ пасмондаҳоро ба партовгоҳҳои махсус партоянд”.

Масъулини Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят изҳор доштанд, ки ташаббуси «Соҳили тоза» дар ноҳияи дурдасти Мурғоб ва ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз низ идома ёфта, охири моҳи апрел ба анҷом мерасад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE