Боздиди Зиёзода аз ноҳияи Шаҳринав
6 апрел дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ба ноҳияи Шаҳринав рафтанд, хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Муовини Сарвазири мамлакат ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ҳамроҳӣ намуда, аз фаъолияти якчанд гармхонаи ноҳия дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат масоҳати гармхонаҳо ба 6,71 гектар расонида шуда, дар онҳо бештар помидор, бодиринг ва растаниҳои ситрусӣ парвариш карда мешаванд.
Сулаймон Зиёзода зимни мулоқот ҷиҳати зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дастраси мардум гардонидани маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол ба кишоварзон миннатдорӣ изҳор намуда, ба масъулин дар ин ҷода маслиҳату дастурҳои судманд дод.
Ҳамчунин муовини Сарвазири ҷумҳурӣ дар маъракаи кишти пахта дар кооперативи истеҳсолии «Наврӯз» иштирок намуда, гуфт, ки вобаста ба мусоид омадани обу ҳаво дар фурсатҳои камтарин ба кишти пахта хотима бахшида, ҳамзамон ба тамоми намуди зироати кишоварзӣ, бахусус ғалладонагиҳо, полезиҳо ва ангуру меваҳо бетаъхир об монанд.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав