«Бунбаст» ба Туркия меравад

Ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши «Бунбаст»-ро дар Фестивали «Рӯзҳои театри Ҷуҷеноғлу» пешкаш менамоянд.

Фестивали «Рӯзҳои театри Ҷуҷеноғлу» аз 7 то 10 апрел дар шаҳри Истанбули Туркия доир мегардад.

Намоиши «Бунбаст» аз рӯйи намоиши драмнависи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу ва таҳияи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир ба саҳна гузошта шудааст. Дар он нақшҳои асосиро Мавлона Наҷмуддинова, Гулмираи Аҳрорзод ва Аъзами Розиқ иҷро намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши «Бунбаст» 5 апрел дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳоди дӯстдорони театр гардонида шуд. 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE