Мубодилаи барқияҳои табрикии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Лутфан, табрикоти гарм ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бипазиред.

Тули ин се даҳсолаи сипаришуда кишварҳои мо дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчуби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Сатҳи кунунии робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро, ки Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки байниҳамдигарӣ ва Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии ба асри XXI нигаронидашуда заминаи пойдори онҳо мебошанд, баланд арзёбӣ менамоям.

Федератсияи Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон буда, мо дар арсаи мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дар соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ-техникӣ ба таври самарабахш ҳамкорӣ менамоем. Мехостам аз густариши қобили таваҷҷуҳи робитаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва байниминтақавӣ ба таври махсус ёдовар шавам. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият меёбанд. Кишварҳои мо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар робита ба мавқеъҳояшон ҳамоҳангии зич анҷом медиҳанд.

Итминон дорам, ки рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Мо пайваста ба пешбурди минбаъдаи босамари тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиамон, ки дар оянда низ дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос хоҳанд дошт, манфиатдорем.

Умед дорам, ки мо аз ин пас ҳам ҷиҳати таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба манфиати мардумонамон талошҳои муштараки ҳамаҷониба анҷом хоҳем дод.

Бо истифода аз ин имконияти фараҳбахш, ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович сиҳатмандии комил ва комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Русия сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоии устувор орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон табрикоти самимии маро бипазиред.

Тули даҳсолаҳои сипаришуда ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои байни Русия ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ барорем.

Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.

Москва ва Душанбе дар самти муқовимат ба терроризм ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда, талошҳои худро дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ, СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг менамоянд.

Бовар дорам, ки тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти мо буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил ва комёбиҳо, ба ҳамаи ҳамватанони Шумо саодату некуаҳволӣ орзумандам».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE