Хатлон: Барои ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ 628 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст
Дар вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ: «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» имсол 628 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон, барои баргузории даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва қадрдонии иштирокчиёни фаъол 246 ҳазор сомонӣ, даври вилоятии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 194 ҳазор сомонӣ ва озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 188 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои барандагони ҷойи якум 3000 сомонӣ, ду ҷойи дуюм 4000 сомонӣ (ба ҳар яке 2000 сомонӣ) ва ду ҷойи сеюм 2000 сомонӣ (ба ҳар яке 1000 сомонӣ) мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин ғолибони даври вилоятии озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ бо ҳамин миқдор мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Устодону волидайни иштирокчиёни озмунҳо бо ифтихорномаю мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ мегарданд.
Ба ҳамаи онҳое, ки дар даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд, чун соли гузашта аз ҷониби раиси вилояти Хатлон иловатан ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда мешаванд. Соли 2021 барои даври вилоятии ин се озмуни ҷумҳуриявӣ 412 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.