Оғози бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои ҶСП «ТАЛКО Голд»
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин ду корхонаи нав давоми як сол бо сатҳу сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо хатҳои технологии муосир сохта, ба истифода дода мешаванд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар як сол 2,2 тонна тилло (99,99%), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85-фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99,5-фоиза мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду корхонаи нави ҶСП «ТАЛКО Голд» истеҳсоли тилло ва сурма то ба ҳадди ниҳоӣ расида, боз зиёда аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бештар аз ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.