Президенти кишвар дар мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент хати оби полезиро ба истифода дода, ба бунёди боғи интенсивӣ оғоз бахшиданд
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ташриф оварда, нахуст хати оби полезиро барои обёрии 200 гектар ба истифода супорида, ба бунёди боғи нави интенсивӣ оғоз бахшиданд.
Мавриди зикр аст, ки хати оби полезӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 200 гектар замини санглоху бекорхобида дар мавзеи дашти Қозӣ аз масофаи 1 ҳазору 280 метр кашида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида, ба бунёди боғи интенсивии чормағз оғоз бахшиданд. Бояд гуфт, ки ниҳоли дарахтони мевадиҳанда аз Ҷумҳуриҳои Туркия ва Узбекистон ворид карда шуда, ҳосили он асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст.
Боғи интенсивии чормағз дар 14 гектар мутобиқ ба талаботи муосири парвариши ниҳолҳо ташкил карда шуда, ба ақидаи мутахассисон, ҳосилнокии ин навъи боғҳо 8-10 маротиба аз боғҳои муқаррарӣ зиёд мебошад. Тартиби ниҳолшинонӣ дар боғи интенсивии чормағз аз рӯйи меъёр байни қатори ниҳолҳо 7 метр паҳноӣ ва масофа миёни ниҳолҳо 5 метрро дар бар мегирад.
Ба ҳамин тартиб, дар як гектар 286 бех ниҳол шинонда шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар аз 60 то 80 сентнер ҳосил рӯёнда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо боғпарварону хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои бунёд ва нигоҳубини дурусти боғу токзори нав ва истифодаи босамари замин ҳидоят карданд. Дар замини обёришаванда аз ҷониби хоҷагиҳои инфиродии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ниҳолҳои дарахтони зардолу, олуи сиёҳ, себ ва токи ангури кишмиши сиёҳ ва тоифӣ, ки навъҳои маҳаллӣ мебошанд, шинонда шудаанд.
Бо бунёди боғҳои нав дар мавзеи мазкур зиёда аз 500 ҷои нави корӣ ташкил карда шуд, ки ба ҳар саҳмдор 0,25 гектар замин рост меояд. Иттилоъ дода шуд, ки барои бо оби полезӣ таъмин намудани мавзеи дашти Қозӣ пойгоҳи нави обкашӣ бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар пойгоҳи обкашӣ моҳи декабри соли 2021 оғоз шуда, паймонкори иншоот Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон мебошад. Барои обёрии заминҳо қубури обрасонии фишораш баланд бо қутри 426 миллиметр истифода гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи боғпарварӣ ва истифодаи босамари замин дар шаҳри Панҷакент изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам васеъ кардани боғҳои дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва таъомҳои миллӣ дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот, хушкмеваҳо, моҳӣ, асал ва маҳсулоти нонӣ муаррифӣ карда шуд, ки бозгӯи самараи меҳнати бобарору садоқатмандонаи аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент мебошанд.
Ба иттилои масъулон, дар ҳудуди деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент дар умум 819 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ мавҷуд буда, масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 2 ҳазору 179 гектарро дар бар мегирад.
Акнун бо обёрии мавзеи дашти Қозӣ тавассути пойгоҳи обкашӣ аз дарёи Зарафшон дар деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент масоҳати боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ васеъ мегардад. Хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини ҳосилхез истеҳсоли маҳсулотро афзун намуда, дар фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат ва содироти бештари маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар саҳми босазо мегузоранд.