Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо ятимон суҳбат намуда, бо тақдими туҳфаҳои арзишманд хотири ҳар яки онҳоро шод гардониданд.

Туҳфаҳои арзишманди Сарвари давлат ба 38 нафар ятим, ки 18 нафарашон ятимони кулл ва 9 каси онҳо духтарон мебошанд, аз либоси мактабӣ ва миллӣ барои духтарон, пойафзол, ҷузвдон, аёниятҳои хониш ва маблағи пулӣ иборат аст.

Бо гирифтани туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ ва суҳбати озоду самимӣ онҳо бори дигар эҳсос намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи зиндагӣ беҳтарин пуштибон ва дастгиру мададгори ятимон ҳастанд.

Аз ин хотир ҳар яки онҳо бо хушнудӣ иброз намуданд, ки фарзандони хушбахти замони соҳибистиқлолианд ва дар ватане зиндагӣ мекунанд, ки бо таваҷҷӯҳу дастгирии роҳбари давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳу ғамхорӣ қарор доранд.

Бояд таъкид намуд, ки Сарвари давлат зимни ҳар як сафари корияшон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимону бепарасторон мулоқоти самимӣ анҷом дода, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.

Ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимию падарона бо ятимону бепарастороне, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, такроран таъкид доштанд, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намемонанд ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон раҳнамоӣ мекунанд.

Ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳо ятимон ваъда доданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиди барояшон фароҳамшуда, савияи дониши хешро боз ҳам баланд бардошта, дар озмунҳо фаъолона ширкат менамоянд ва шарафи Тоҷикистонро ҳифз мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE