Пешвои миллат дар шаҳри Исфара коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб»-ро ба истифода доданд

17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб”-ро ба истифода доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкор, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб” Баҳриддин Сироҷов бо сарфи 1,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад, ки аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда, васлу насб карда шудааст. Тариқи хатҳои нави технологӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда шавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб” бештар аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Роҳбарияти коргоҳи нав нақша доранд, ки дар оянда истеҳсолотро афзун ва шумораи ҷойҳои кориро зиёд намоянд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, роҳбарият ва мутахассисони коргоҳро барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ҳидоят намуданд.

Бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои пойафзолбарорӣ рӯз то рӯз ҳаҷми истеҳсолот зиёд мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакат давоми моҳҳои январ ва феврали соли равон 17 корхона наздики 133 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 50 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли пойафзол дар ду моҳи аввали соли равон 46 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ дар мамлакат шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкорону сармоягузор бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ коргоҳу корхонаҳои нав таъсис диҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи мамлакат коҳиш ёбад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE