Сарвари давлат коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Исфара Саманд»-ро ифтитоҳ намуданд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи академик Ҷӯраеви шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Исфара Саманд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии иншоот 0,8 гектарро ташкил медиҳад. Коргоҳ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Сироҷов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунëд карда шудааст ва аз як хати истеҳсолӣ иборат мебошад. Маблағи сарфгардида барои харидории технологияи муосир як миллион сомониро ташкил медиҳад. Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи Италия ва Олмон аст.

ҶДММ «Исфара Саманд» дар бинои бекорхобида, ки қаблан мағозаи хӯрокворӣ буд, таъсис ёфтааст. Бино пурра таъмир шуда, ба талабот мутобиқ мебошад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад. Дар ҶДММ «Исфара Саманд» 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши аз 800 то 2000 сомонӣ таъмин гардидаанд.

Дар коргоҳ пойафзоли гуногунранг бо андозаи аз 11,5 то 41, асосан барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон истеҳсол карда мешавад. Пойафзоли истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронида шудааст. 80 фисади пойафзоли дар коргоҳ истеҳсолшаванда ба хориҷи кишвар содирот шуда, боқимонда дар бозори дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати пойафзол диққати махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки дар шароити ҳозира танҳо бо роҳи сифатнок истеҳсол намудани маҳсулот мавқеъ пайдо намудан дар бозор имконпазир аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE