Душанбе: Тасдиқи Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022 – 2026

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 апрели соли равон «Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026» тасдиқ гардид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Барномаи мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди футбол, мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа ва таъмини оммавияти варзиш роҳандозӣ гардидааст.

Мувофиқи қарори мазкур, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози амалисозии барнома буда, вазифадор гардидааст, ки ҳар сол то 10 январ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои анҷомдода гузориш пешниҳод намояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE