Душанбе: Тасдиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 апрели соли равон Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026 тасдиқ гардид. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳадаф аз барномаи мазкур мукаммалгардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар, инчунин ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинони пойтахт ва таъмини варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.

Тибқи қарори дахлдор, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барнома ва нақшаи мазкур муқаррар шуда, вазифадор гардидааст, ки бо сохторҳои марбута ҳамкорӣ ба роҳ монда, амалӣ гардидани онҳоро таъмин намояд.

Инчунин Раёсат муваззаф гардидааст, ки ҳар сол  то 10 январ доир ба корҳои анҷомёфта ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE