Пирӯзии Манчестер Сити дар бозии аввали даври нимниҳоии ЛЧ муқобили Реал Мадрид

Дар бозии аввали марҳилаи нимниҳоии ЛЧ дастаҳои «Манчестер сити» ва «Реал Мадрид» андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестер доир шуда, бо натиҷаи 4 бар 3 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 2-юми бозӣ ниммуҳофизатгари “шаҳриҳо” Кевин де Брюйне ҳисоби бозиро боз кард.  Дар дақиқаи 11-уми бозӣ Габриэл Жезус натиҷаи бозиро  дучанд кард.  Дар дақиқаи 33-юми бозӣ Карим Бензема ба як голи мизбонон ҷавоб дод.
Қисми дуюми бозӣ ҳам бо бартарии дастпарварони Гвардиола оғоз шуд. Фил Фоден дар дақиқаи 53-юми бозӣ ҳисоби бозиро 3 бар 1 намуд. Пас аз ду дақиқа ҳамлагари ҷавону умедбахши бошгоҳи шоҳона Винисиус Ҷуниор ба задани гол ноил гардид.  Ниммуҳофизатгари португалии “шаҳриҳо” Барнарду Силва дар дақиқаи 74-уми бозӣ голи 4-уми мизбононро ба дарвозаи Тибо Куртуа равона кард.  Дар дақиқаи 81-уми вохӯрӣ Бензема аз пеналтӣ голи дуюмашро ба самар расонид ва бо ҳамин натиҷаи 4 бар 3 вохӯрии дастаҳо ба фарҷом расид.
Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 4-уми май дар шаҳри Мадрид доир мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE