Пагоҳ намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Резервати биосферии «Ромит» дидан менамоянд
Роҳбарону намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо захираҳои бойи табиӣ ва олами набототу ҳайвоноти беназир, пагоҳ, 1 июл ба яке аз нодиртарин мавзеъҳои табиии кишвар — Резервати биосферии «Ромит», ки соли 1959 таъсис ёфтааст, сафар менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сафари роҳбарону намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба Резервати биосферии «Ромит» омӯхтани объектҳои табиии беназири Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ барои ташвиқу тарғиби зарфиятҳои нотакрори табиати беназири кишвар ва рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Сафари мазкур бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Дар доираи сафар шиносоии намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо табиати нотакрори Тоҷикистон ба меҳмонон таассуроти хуб хоҳад гузошт.
Мавриди зикр аст, ки алҳол дар кишварамон майдони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,1 миллион гектарро ташкил медиҳад, ки ин 22% ҳудуди кишварро дар бар мегирад.