Имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 17 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд

Соли равон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 1518 нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки аз ин теъдод 17 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд. Ин нукта 11 июн зимни ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба муносибати хатми имсолаи донишҷӯёни тиббӣ  баён шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳамоиши мазкур  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори муассисаи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода ва устодону донишҷӯёни ин муассиса иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки вобаста ба раванди имтиҳоноти хатм, ки соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1874 нафар донишҷӯён, аз ҷумла, аз факултети тиббӣ 1164 нафар, аз факултети педиатрӣ 96 нафар, аз факултети стоматологӣ 166 нафар, аз факултети фармасевтӣ 63 нафар ва аз факултети тиббӣ-профилактикӣ 29 нафар хатмкунандагон имтиҳонҳои хатмро бо муваффақият супориданд. Аз теъдоди умумии хатмкунандагон 253 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда, 356 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE