Мулоқоти Амонзода Ширин бо Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Тимоти Ҷонс
6 майи соли ҷорӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Тимоти Ҷонс мулоқот намуд.
Дар он ҷонибҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои марбут ба интиқоли қувваи корӣ ба Британияи Кабир, аз ҷумла дастрас намудани раводид, ҳифзи иҷтимоӣ ва будубоши муваққатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуда, омодагии худро ҷиҳати мусоидат намудан дар амалигардонии ташаббуси мазкур иброз доштанд.