Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир иштирок намуд

4-5 декабр дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо дастгирии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иҷлосияи муҷаддади 68-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷаласаи 37-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, ҳадафи ин чорабиниҳо ба ҳалли масоили амалии фаъолияти комиссияҳои мазкур, аз ҷумла баррасӣ ва тасдиқи тақсимоти буҷа, тартиботи маъмурӣ ва афзалияти барномавӣ барои ташаббусҳои назорати маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини идоракунии самараноки захираҳо ва мувофиқат бо ҳадафҳои васеътари Созмони Милали Муттаҳид равона гардидааст.

Дар маҷмуъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он ба омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар ин самт, таҳкими тадбирҳои муштараки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳи минтақавӣ ва мустаҳкам кардани ҳамкорӣ дар ин самт таъсири мусбат мерасонад.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Австрия

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE