Нишасти корӣ доир ба ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузории хориҷӣ дар ВКХ
5 майи соли 2022 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода нишасти корӣ бо иштироки ҳузуриву маҷозии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ш.Душанбе, инчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.