“Истиқлол” маротибаи 11-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид

8-уми май дар варзишгоҳи “Талко Арена”-и шаҳри Турсунзода 13-умин мусобиқоти Суперҷоми Тоҷикистон -2022 баргузор гардид. Дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар ҳузури 5600 нафар тамошобин барои ба даст овардани Суперҷоми кишвар бозии арзанда ва ҷолиберо нишон доданд. Футболбозони ҳар ду бошгоҳ имкони зиёди кушодани ҳисоби бозиро доштанд лек аз онҳо на он қадар самаранок истифода бурда тавонистанд. Пас аз ба майдон баромадани Рустам Соиров бозии “Истиқлол” ранги дигар гирифту онҳо дар дақиқаи 84-уми бозӣ пас аз як бозигузории ҷолиб тавонистанд ,ки  ба задани гол даст ёбанд.  Дар идомаи вохӯрӣ дастпарварони Рустам Хоҷаев кӯшиши баробар кардани ҳисоби бозиро карданд , лек ҳама бенатиҷа анҷом ёфт. Бо ҳамин натиҷаи минималии 1 бар 0 “Истиқлол” муқобили “Хуҷанд” зафар ёфту маротибаи 11-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва Хуҷанд» бори панҷум бо ҳамдигар барои Суперҷом мубориза хоҳанд бурд. Дар чаҳор бозии пешин (солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020) душанбегиҳо пирӯз шудаанд.

Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шудаанд. “Истиқлол”-и Душанбе даҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ Суперҷомро ба даст овардаанд.

Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд.

Ҳама бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2022):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯйи силсилаи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

varzishtv.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE