Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар Конфронси 33-юми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Аврупо иштирок дорад

 Аз 10 то 13 май дар шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон бо ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Мутаҳид (ФАО СММ) ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон Конфронси 33-юми минтақавии ФАО СММ барои Аврупо ҷараён мегирад, ки дар он аз Тоҷикистон Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода иштирок дорад.

Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар конфронси мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода дар мавзӯи «Роҳҳои аз нав ташкил намудани низоми агроозуқаворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» маърӯза менамояд.

Дар конфронси мазкур ҳайати расмии 53 мамлакати сайёра ва намояндагони 35 ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ иштирок дошта, мутобиқи барномаи конфронс 10 масъала доир ба аз нав ташкил намудани низоми озуқаворӣ дар ҷаҳон баррасӣ мегарданд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии конфронс директори генералии ФАО СММ, муовини сарвазир – Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Лаҳистон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон, Комиссари Иттиҳоди Аврупо доир ба масъалаҳои кишоварзӣ ва Раиси шаҳри Лодз сухан гуфтанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE