Дар Тоҷикистон боз ду иди нав пайдо шуд

Бо ҳамовозии вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар дар қонуни Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ду ҷашни нав: 15 март – Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон ва 1 июн – Рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъаовар илова гардид.

Ба гузориши хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли вакили парлумон Сарвиноз Маҷидзода, чунин тасмим бо мақсади таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо, бо дар назардошти нақш ва аҳамияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷойдошта ва пешбинӣ гардидани 15 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунндагон таҷлил карда мешавад.

– Инчунин, бо назардошти саҳми беандозаи Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонинии воситаҳои нашъадор ва аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф шудани он, рӯзи  1 июн ҳамчун рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъовар таҷлил карда мешавад, – гуфтааст ин вакили парлумон.

Таҷлили боз ду иди нав дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта парлумони Тоҷикистон таҷлили ду иди дигарро тасдиқ намуда буд:  ҳамасола 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷашн гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, ки идҳои мазкур бидуни рӯзи истироҳатӣ ҷашн гирифта мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE