Дар Душанбе масъалаҳои суғуртаи тиббии кормандони ташкилоту корхонаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Масъалаҳои марбут ба суғуртаи тиббии кормандон дар ташкилоту корхонаҳои Тоҷикистон 18 май дар вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода бо намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Таъкид гардлид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи суғуртаи тиббии кормандонро муҳим ва зарур меҳисобад, зеро он ба манфиати кормандон буда, ба тақвияти ҳифзи саломатии онҳо ва рушди сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки тибқи моддаи 341-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармоён тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд. Маблағҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кумакпулиҳо (кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кумакпулиҳои оилавӣ ва дигар кумакпулиҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд) харҷ карда мешаванд.
Ҷонибҳо доир ба усулу воситаҳои минбаъд ба суғуртаи тиббӣ фаро гирифтани ҳамаи кормандони бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кироякорон, шахсони дорои шуғли мустақилона ва ғайрирасмӣ фаъолияткунанда ибрози андеша намуданд.
Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки такмили низоми суғуртаи тиббӣ барои кормандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи иҷтимоию меҳнатӣ, талаботи аҳолӣ ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ қобили таваҷҷуҳ аст.
Дар фарҷом тарафҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкории минбаъда дар доираи ҳадафҳо ва барномаҳои муштарак баён доштанд.