Гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
30 – юми сентябр баҳри сазовор таҷлил гирифтани Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар оғоз ҳамчун рамзи эҳтиром дар назди муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Гулчанбар гузошта шуд.
Дар ин рӯз озмуни онлайнии “Мавлонохонӣ”, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ташкил гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун аз тарафи сардори раёсат Насриддинзода Рамазон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати тантанавии чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ суханронӣ намуда, қайд дошт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Вахшонзамин таваллуд ёфта, минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм кард ва дар тӯли ҳаёти бобаракати хеш асарҳои оламшумул эҷод намуд, ки имрӯз ба туфайли осори пурарзиш ва гаронмояи худ машҳури дунё мебошад. Ин орифи барҷаста бо намояндагони қавму миллат ва мазҳабҳои гуногун дар муносибат наздик буда, дар осори худ инсониятро ба ҳамдиливу ҳамбастагӣ даъват мекунад.
Сипас сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуфхон Амирхон суханронӣ намуда, аз некукориву некгуфтории Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёдовар гардид.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии Хатлон ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар оғоз гардида, дар он ҳунармандон аз зиндагӣ ва осори Мавлоно барномаи рангин ва фароғатиро пешниҳод намуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешкаши ҳаводорон ва дӯстдорони ашъори безаволи Мавлоно гардид, ки аз диданаш хотири иштирокдорон болида гардид.