Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дирӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи милли Тоҷикистон «Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоратию сармоягузории ду давлат ширкат намудаанд. Дар маросими ифтитоҳии форум иштирокчиён ба сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар баҳои баланд дода, дурнамои тақвияти онро ба манфиати давлатҳо арзёбӣ намуданд.
«Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия»-ро бо суханони ифтитоҳии Саъдӣ Қодирзода-раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида, изҳор дошт, ки Тоҷикистон Русияро дар сиёсати хориҷии худ ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ дониста, маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30 соли барқарории муносибатҳо дар баробари дигар бахшҳо дар самти сармоягузорию тиҷоратӣ як қатор пешравиҳои чашмрас ба вуқӯъ пайвастанд. Димирий Вольвач- роҳбари гурӯҳи сармоягузорӣ, муовини Вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия дар баромадаш таъкид намуд, ки пас аз Ҷумҳурии мардумии Чин, Русия дуюмин кишварест, ки дар самти самоягузорӣ ба иқтисоди Точикистон мақоми намоён дорад.
Дар форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия беш аз 300 соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар ширкат намуданд. Пас аз ҷамбасти маросми расмӣ, форум дар панҷ панел кори худро идома доданд, ки ин ҳам дар бахшҳои “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва техналогияҳои навин, бахши энергетика, сайёҳӣ ва техналогияҳои иттилоотӣ-рақамӣ”- ро ташкил додаанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳамоиши сармоягузорию тиҷоратии Тоҷикистону Русия суҳбатҳои алоҳида доир гардида ҳар як ширкати русию тоҷикӣ имкониятҳои худро муарифӣ намудаанд.
Дар форуми «Сармоягузории Тоҷикистон ва Русия» ҷонибҳо таъкид намуданд, ки имруз дар Тоҷикистон беш аз 300 корхона бо иштироки Русия фаъолият мекунад. Ҳаҷми умумии маблағгузории Русия ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1,6 миллиард доллар ё 16 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷиеро, ки ба мамлакат ворид шудааст, ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 0,8 миллиард доллар ё 17,7 фоиз ба ҳаҷми умумии сармоягузории мустақим баробар аст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе