Масъалаи ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия Аҳмад Назлан ибни Идрис мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо мавзӯи баргузории ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзияро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор намуданд.

Ҳарду ҷониб омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ ба нафъи мутақобила изҳор намуда, аҳамияти талошҳои муштаракро барои таҳкими ҳамкорӣ дар оянда таъкид доштанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE