Раиси вилояти Суғд бо роҳбарони корхонаҳои азими саноатӣ вохӯрӣ кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарони як қатор корхонаҳои калони вилоятро ба ҳузур пазируфта, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини рушди соҳаи саноат супоришҳои мушаххас дод. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти мазкур хабар доданд.

Раиси вилоят аз ҷумла бо директори тиҷоратии ҶДММ “Анзоб” Толиб Холзода, директори генералии Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой Як Чжии Сай, директори генералии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ”, Ли Сю Мин, директори генералии ҶДММ “Талко Голд” Шариф Ҷумъазода мулоқотҳо анҷом дод.

Раиси вилоят барои иҷрои уҳдадориҳо ва таъмини рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити коргарон, саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ вазифагузорӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти корхонаҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва роҳбарони корхонаҳо бояд бо истифода аз имкониятҳо барои зиёд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот чораҷӯӣ намуда, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат фаъолона ширкат варзанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE