Дар Бухоро ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ доир гардид
Нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) оид ба дастгирӣ ва рушд додани ҳамкории дохилиминтақавии иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ дар давраи пас аз пандемия дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, ки дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласа таҳти раисии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Узбекистон доир гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода иштирок намуд.
Дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкӣ беш аз шаш масъалаҳои муҳим дар самти бонкдорӣ ва сармоягузорӣ байни бонкҳои аъзои Иттиҳод баррасӣ гардиданд.
Инчунин роҳбарону намояндагони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ принсипҳои нави чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявӣ ва ҳамкорӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ аз ҷониби бонкҳои аъзои Иттиҳод ба дигар бонкҳо, муассисаҳои молиявии кишварҳои нозир ва бонкҳои шарики Иттиҳодро баррасӣ намуданд, ки ин санадҳо дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай ба имзо хоҳанд расид.