Дар Тоҷикистон пешниҳоди ПСР-тести COVID-19 ҳатмӣ шуд

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷӣ мерасонад, ки бо назардошти афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намудааст, ки пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия ҳангоми сафар тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳар давлат ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймо аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки ин чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият аз байн бурда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE