Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишнома миёни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург ба имзо расид
Дар Душанбе маросими ба имзо расонидани нақшаи чорабиниҳои «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барои солҳои 2022-2026 баргузор шуд.
Созишномаро муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ва ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Олег Эргашев имзо намуданд. Ин созишнома ба густариши ҳамкории бародаршаҳрӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба миёни Душанбе ва Санкт-Петербург мусоидати фаъол менамояд.
Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имзои созишномаи мазкур дар доираи рисолати (миссияи) фарҳангию соҳибкории ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе, ки 23 май оғоз шуда, 26 май ба анҷом мерасад, сурат гирифт.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ва ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Олег Эргашев иброз намуданд, ки робитаҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкории судманди тарафайн миёни шаҳри Душанбе ва Санкт-Петербург дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ин мулоқотро ҷонибҳо имконияти хуб барои баррасии ҳамаи масъалаҳои ҳамкорӣ, муносиботи мутақобиланд судманд ва густариши дурнамои ҳамкорӣ унвон намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, сиёсиву иқтисодӣ, гардиши савдо миёни ду шаҳр, маорифу тандурустӣ ва амсоли он баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳоло дар муассисаҳои олии таълимии Санкт-Петербург зиёда аз 1000 намояндаи Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Пешниҳод шуд, ки бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни Санкт-Петербург ва Душанбе дар заминаи ҳамкории бародаршаҳрӣ аз ҷониби маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург барои сокинони шаҳри Душанбе ҳар сол 50 квота дар бахшҳои муҳим барои таҳсил ҷудо карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия яке аз аввалинҳо шуда, бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баста буд.
30 апрели соли 1999 Созишномаи нав миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.