Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон

21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссик-Кул меҳмони олиқадр — Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров самимона истиқбол гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE