Тадқиқоти Зеркало: Садои Душанбе маҳбубтарин ва сершунавандатарин радио дар ҷумҳурӣ дониста шуд
Тибқи назарсанҷии созмонҳои ҷамъиятӣ Машварати расонавӣ ва Маркази тадқиқоти сотсиологии Зеркало дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги кишвар дар соли 2022 аз миёни радиоҳои кишвар Садои Душанбе маҳбубтарин ва сершунавандатарин радио дар ҷумҳурӣ дониста шуд.
Мувофиқи натиҷагирии Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” имрӯз дар Тоҷикистон аз миёни 10 шабакаи радиоии давлатӣ ва 22 радиоҳои ғайри давлатӣ шабакаи “Садои Душанбе” мақоми аввалро касб намуда, яке аз сершунавандатарин шабакаи радиоии умумимиллӣ эътироф гардидааст. Дар ин бора ҳамкорамон Комрони Абдувалӣ иттилоъ медиҳад. Тибқи радабандӣ дар зиннаи аввал шабакаи “Садои Душанбе” қарор гирифта, 50%-и овози шунавандагонро соҳиб гаштааст. Ва дар зиннаи баъдӣ радиоҳои “Тоҷикистон”, “Фарҳанг” ва “Овози тоҷик” қарор доранд. Ҳамзамон мақоми аввали пешсафони ширкатҳои радиоиву телевизионҳои хусусиро радиои “Ватан” бо гирифтани 18%-и овоз, радиои “Имрӯз” бо касби 17%-и овоз ва “Азия Плюс” бо соҳиб шудани 9 фоизи овоз ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Мувофиқи радабандии манбаъҳои асосии иттилоот низ дар Тоҷикистон шабакаи радиоии “Садои Душанбе” бо гирифтани 16 фоизи овоз зиннаи аввалро соҳиб гардидааст.
Ногуфта намонад, ки қаблан низ”Садои Душанбе” яке аз сершунавандатарин радио дар Тоҷикистон шинохта шудааст. Далеи ин гуфтаҳо назарсанҷии соли 2018-2019 аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Зеркало» шуда метавонад, ки зимни як таҳқиқоти он «Садои Душанбе» миёни тамоми радиоҳои кишвар мақоми аввалро касб карда буд.
Имрӯз низ ба даст овардани ин гуна итминон аз ҷониби шунавандаҳои гиромӣ, ки ҳамакнун дар ин назарсанҷӣ ҷонибдорӣ аз шунидани радиои маҳбуби хеш карданд барои аҳли эҷоду техникии радио боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.