Марказии матуботии Кохи Сомон ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд омода мебошад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028″, ки аз имрӯз то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Кохи Сомон” маркази матбуот ташкилкарда шудааст, ки бо беҳтарин шароит муҳаё мебошад.
Ҷараёни баргузории ин чорабинии сатҳи баландро дар қатори садҳо рӯзноманигор аз дохили кишвар, зиёда аз 300 намояндаи васоити ахбори омма аз хориҷи кишвар инъикос хоҳанд кард. Аз ҷумла дар ду толор садҳо компютер, дастгоҳҳои чопӣ, интернети баландсуръат, маводҳои конселярӣ, телефони байналмилалӣ факс ва ғайра барои инъикоси ин ҳамоиш дар ихтиёри рӯзноманигорон хоҳад буд. Мавриди зикр аст, ки чорабиниҳои асосии ин ҳамоиши сатҳи баланд мутақиман намоиш дода шуда, бо се забон тарҷума карда мешаванд. Аз ин хотир дар макони чорабинӣ студияи саёр ташкил гардидааст, ки техникаҳои замонавиро барои пахши мустақим доро мебошад. Ҳамчунин дар даромадгоҳи Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Кохи Сомон” барои иштирокчиёни ҳамоиш намоиши дастовардҳои вазорату идораҳои кишвар пешниҳоди пешниҳод карда шуда, имкониятҳои Тоҷикистон дар бахшу самтҳои гуногун муаррифӣ карда мешавад. Хотирасон мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони миллали Муттаҳид ва дигар шарикон гузаронида шуда, ба сифати маркази конфронси Созмони миллали Муттаҳид оид ба даҳсолаи миёнамуҳлати об, ки рӯзҳои 22 – 24 марти соли 2023 дар Нюёрк баргузор хоҳад шуд мусоидат мекунад.
Муаллиф: Нуралӣ Давлат