Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар
6 июни соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар Шайх Фолуҳ ибни Носир ибни Аҳмад ибни Алӣ Ол Сонӣ, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.
Зимни дидор ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рӯзномаи ҷаҳонии об, ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд миёни ду кишвар табодули назар карданд.