Ташаббуси наҷиби Қобилҷон Хушвахтзода: 30-нафар устодони ДМТ соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд

Чанд моҳе пештар хабаре интишор намуда будем, ки бо ибтикори ректори ДМТ ва дастгирии ҲҶТ 25 нафар муаллимони донишгоҳи миллӣ соҳиби хона мешаванд.
Акнун мегӯем, ки
25 не, 30 нафар муаллими донишгоҳ рӯзи 09.06.2022 соҳиби манзил шуданд. Дар маҷмӯъ 39 нафар кормандони донишгоҳ калиди хонаҳоро ба даст гирифтанд. Бояд гуфт, ки дар ин бино 30 хона дуҳуҷрагӣ мебошанд.
Омӯзгорони ниёзманде, ки солиени тӯлонӣ дар иҷора мезистанд, имрӯз калиди хонаҳои худро соҳиб гардиданд.
Ректор Қобилҷон Хушвахтзода ба ваъдаи худ вафо кард ва аз уҳдаи кор баромада тавонист. Собиқ бинои хобгоҳро бо ҳама ҳусну ороиш имрӯз хобгоҳ гуфтан душвор аст.
Бояд гуфт, ки ин амал бо дастури Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва ғамхории бевоситаи Роҳбари давлат нисбат ба аҳли илму маориф мебошад.
Собиқ хобгоҳи рақами яки донишгоҳ, ки дар кӯчаи маъруф ба номи Нахимов қарор дошт, тармиму таҷдид гардида, ба бинои истиқоматӣ табдил ёфт.
Корҳо дар он босуръат ҷараёни ёфта, шурӯъ аз таҳхона то ҳамаи ошёнаҳои бино азнавсозӣ гардиданд.
Ин хонаҳо якҳуҷрагиву дуҳуҷрагии васеъ буда, бо шароити ҳамаҷониба таъмин мебошанд.
Маблағи масрафшуда кам нест ва он сарчашмаҳои гуногун дарёфт гардид. Ин кор осон набуд ва дар оғоз чунин нақшае ҷой дошт, ки баъзе маблағҳо аз ҳисоби худи устодон пардохт гардад. Амали ҷавонмардонаи ректори донишгоҳ буд, ки ин мушкилӣ ҳал гардид ва ҳеҷ устоде маблағе дар ин роҳ сарф накард.
Акнун шодиву нишоти устодону фарзандони онҳо ҳадду канор надорад ва хурсандона бурёкубон менамоянд.
Дар назар аст, ки боз ҳам бо дастгирии ҲҶТ дар ояндаҳои наздик шумораи муайяни устодону кормандон соҳиби манзили истиқомати мегарданд.
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE