Марказҳои таҳқиқотии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон курси омӯзишии муштарак доир мекунанд

7 майи соли 2024 дар шаҳри Теҳрон муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар доираи сафари корӣ бо муовини вазир, раиси Маркази мутолиоти роҳбурдӣ ва сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Шайхулисломӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни он ҷонибҳо роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳо байни марказҳои таҳқиқотии вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар самти баргузории давраҳои омӯзишӣ барои дипломатҳои ҷавон, ташкили нишастҳои илмиву назариявӣ ва анҷоми таҳқиқотҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Худи ҳамон рӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Шарифзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадалӣ Фатҳалӣ низ мулоқот кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE