Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷаноби Марк Боуман

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷаноби Марк Боуманро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Меҳвари асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба оид ба рушди нақлиёти шаҳрӣ, масъалаҳои татбиқи нақшаи шаҳри сабз, барномаҳои сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳр, фароҳамсозии шароит баҳри бунёди ояндаи беҳтару устувор барои Душанбешаҳр ва сокинони он, сохтмони роҳу эстокадаҳо ва дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб муфид ташкил дод.

Рустами Эмомалӣ ва Марк Боуман ҳамчунин мавзӯъҳои марбут ба ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои нав баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкории барои ҳар ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.

Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE